- ҷуфт
- [جفت]1. ду дона аз як чиз, ҳар чизи дугона аз қабили пойафзор, либосворӣ ва ғ. ; як ҷуфт кафш (мӯза), як ҷуфт куртаю эзор, як ҷуфт гӯшвора2. ду барзагов, ки барои шудгор кардани замин ба юғ баста мешавад: ҷуфти гов: як ҷуфт барзагов; ҷуфт бастан говҳоро ба юғ бастан; ҷуфт рондан бо ҷуфт замин шудгор кардан3. нару модаи ҳар чиз4. ҳамсар, ҳамболин, зану шӯй; сари касеро ҷуфт кардан хонадор кардан касеро, зандор ё шавҳардор кардан касеро5. ҳамроҳ, шарик; ҷуфт гаштан (гардидан) бо чизе ҳамроҳи чизе шудан6. рақами ҷуфт, шумори ба ду бе каср тақсимшаванда; муқоб. тоқ: адади ҷуфт, рақами ҷуфт; ҷуфт-ҷуфт дутоӣ, дуто-дуто
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.